Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ЭЗОҲ БА ЯК ЭЪТИРОЗ
Навиштаҳои адибонро бо диққат мутолиа кардани хонандагон ҳамеша маро фараҳманд мекунад. Шунидани фикри хонандаи борикбину нуктафаҳм ҳам барои хонандагони дигар судманд аст, ба он шарте, ки он афкор аз таассубу таарруз ва оҳанги айбҷӯёнаю хурдагирона пок бошад.
Зери рубрикаи “Эътирози хонанда” оид ба ду калимаи ғалати дар ҳикояи ман “Палонҷи охирин” рух дода фикри муаллимон Д.Ҷӯраев ва Г.Михайлов, ки дар саҳифаҳои ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” (аз 19 сентябри соли 1985) интишор ёфт, маро хушнуд кард.
Боиси хушнудиам он буд, ки ҳикояи маро ба диққат хондаанд ва ҳатто аз паи санҷидани дурустии маънии калимаҳо ба фарҳангҳо рӯ овардаанд. Ба муаллифи асар, ба идораи рӯзномаю маҷаллаҳо фикри худро навиштани хонандагон воқеаи хеле хуштаъсир, гувоҳи пешрафти маърифати халқи мо аст.
Аммо гумони хонандагон Ҷӯраев ва Михайлов аз хусуси он, ки мо — адибон калимаю ибораҳои тоҷикиро монда, аз луғати арабӣ истифода мекунем, дар назари ман ақидаи баҳснок барин расид. Солҳое буданд, ки тӯдае бо инчунин даъво забони фасеҳи тоҷикиро аз басо сарвати он маҳрум карда буданд, аз луғату ибороте, ки дар тӯли асрҳо ба забон даромада, урфи аҳли маърифат гашта буданд, бенасиб сохта, иқтидор ва нафосати забони моро коста буданд. Калимаҳои аз дигар забонҳо ба форсию тоҷикӣ ворид гашта дар ҳамаи замонҳо хизмати худро адо кардаанд ва имрӯз ҳам даст кашидан аз онҳо забони моро ҳақиру хароб мекунаду бас. Гузашта аз ин, агар имрӯз калимаҳои одил, ҷабор, такфин, тадфин ва амсоли онро аз луғати тоҷикӣ бароварем, авлоди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё