Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фардо осори гузаштагони худро ба чи тарз мехонанду мефаҳманд, бояд ки биандешид.
Чун мавриди гуфтан аст, бояд бигӯям, ки ман ҳангоми навиштан ба луғату фарҳангҳо наменигарам ва аз калимоти аслан арабӣ он чи мавриди истифода қарор медиҳам, ҳама дар забони аксари мардуми мо маъмул ва ба пиру ҷавони китобхон мафҳуманд. Ва агар ман “мардуми мо” гӯям, як табақаи алоҳида ё худ аҳли деҳу вилояти ҷудогонаро дар назар надорам, балки пиру ҷавони хушзавқу сухандону таомулшиноси тоҷикро ба эътибор дорам. Ибороти “такфину тадфин”-ро ман аз пирони ин сарзамин борҳо шунидаам. Агар “такфин” кафан кардан аст, “тадфин”, ки аслан решааш “дафн”-у “дафин” аст, маънии аз назар пинҳон кардан пӯшидан ва гӯр карданро дорад.
Пора-пора далку пунбапӯстин Дар даруни он амома буд дафин Вале дар бисёр луғату фарҳангҳои мухтасар баъзан маънии аслии калимаро наоварда, маънии дуюмдараҷа ва ё мазмуни маҷозии онро овардаанд, ки ба далели он ҳукм кардан ғалат аст. Аз ҳамин лиҳоз, ман ин ибораро ба маънии мурдаро кафанпеч карда, аз назарҳо пӯшидан истифода кардаам, на ба маънии дар хок гӯр кардан.
Доири иборати “одилу ҷобир” ҳамин қадар гуфтаниам, ки ман онро ба шакли “одилу ҷаббор” овардаам.
(Нигаред “Тору пуд”, нашриёти “Маориф”, 1985 ва ин таркиб миёни мардумон маъруф аст. (“Худо бошад агар одил ва ҷаббор, ба рӯзи духтарак созад гирифтор”.
М.Қаноат, тарҷумаи “Катерина”-и Шевченко) ва агар “ҷаббор бо ҷурми идораи ҳафтавор “ҷобир” ба нашр расидааст, ин ҳам ғалат не, ҳамон “ҷаббор” аст, агарчи баъзе луғоти мухтасар маънии “тавоно” ва “қудратманд”-и онро зикр накардаанд. (Нигаред ба луғати тоҷикӣ-русӣ: “ҷобир”-ро ба “ҷаббор”-ҳавола карда ва яке аз маъниҳои асосии “ҷаббор” тавоною қудратманд аст).

пешина
аз 393
навбатӣ