Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳадди маънӣ ва доираи истифодаи калимаю ибораро аслан ҳеҷ луғатномае пурра эзоҳ кардан наметавонад.
Дур наравам, рӯи суханам ба ҷониби он аст, ки ин калимаю ибораҳоро аслан арабӣ гӯён аз истифода соқит кардан нашояд. Ман аз паи таҷриба луғати забони арабиро ба даст гирифтаму моддаи “тавоно”-ро нигаристам, то бубинам имрӯз арабҳо ин маъниро бо чи суханон ифода мекунанд: баттош, қодир, шадид, қавӣ, ҷаббор. Аз ин калимаҳо фақат “баттош” ба мардуми тоҷик нофаҳмост.
Агарчи ҳамчун исми хос маъруф аст. Чаҳор калимаи дигари онро ба ҳукми он, ки арабианд аз луғати забони форсию тоҷикӣ берун андохтан ғалат будагист. Ақидаи ман ин аст, ки аз луғоти бегона, агар он урф нест ва фақат китобист ва нофаҳмост, парҳез бояд кард ва баръакс, ҳамаи он калимаҳоеро, ки аз арабӣ, русӣ, туркӣ, юнонӣ, ба забони мо омада ва бори ифодаи маънӣ мекашанд, бетафриқа ва бетаассуб инобат бояд кард.
1985

пешина
аз 393
навбатӣ