Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

набуд ва гӯши ҳеҷ кас нашунидааст. Ин ном, ки махсуси тоҷикони кӯҳистони Тоҷикистон аст, аз ваҷҳи луғат ҳам сирф тоҷикист ва адиби ӯзбек қабл аз он, ки ин номро аз осори дигарон ба дафтари худ кӯчонаду ба ӯзбекдухтар нисбат диҳад, андаке мебоист меандешид.
Ба ин минвол сарқути ному унвон дар осори адибону рӯзноманигорони мо ҳам ба назар мерасад. Баъзан бо ягон сарлавҳае мақолае интишор мешаваду он агар рехтаву нишонрастар бошад, дигарон солҳои сол бо ҳамин сарлавҳа мақолаҳо интишор месозанд ва аз ин муқаллидии худ ҳеҷ хиҷолат намекашанд. Наход, ки мувофиқи мақсаду матлаби навиштаҳои худ сарлавҳае ёфтани касе, ки бо сухан сару кор дорад, мушкил бошад?!
Маро гумоне мегузарад, ки ин тоифа қаламкашон аслан беҳунар ва дониши зарурию завқи солим надоранд. Вагарна кӣ намедонад, ки мақолаи пучро номи бошукӯҳ чун дарбеҳи ночаспон аст ва баръакс мақолаи пурмаънӣ унвони оддиашро сайқал медиҳад.
Ин аст, ки аз интишори китоби ҳикоёти ин банда “Ҳақиқати талх” ду сол гузашт ё не, аллакай бо ин унвон баъзе интишороте ба миён омад. Аҷаб не, ин гуна муқаллидон даъво кунанд, ки ин ибораҳо ҳама моли халқ аст, чаро онҳо истифода накунанд. Оре, “рухсора” ҳам, “ҳақиқати талх” ҳам, “духтари оташ”-у “дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” ҳам, “ҷони ширин” ва “субҳи ҷавонии мо” — ҳама таъбиру ибораҳои халқианд ва истифодаи онҳоро касе манъ накардааст! Аммо онҳоро минбаъд ҳамчун унвони асари навэҷод ва китоб истифода кардан сарқути адабӣ ба шумор меравад.
1985

пешина
аз 393
навбатӣ