Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ХАЛАЛ НАРАСОНЕД!

(Матни он суханоне, ки боист дар анҷумани ІХ адибони Тоҷикистон 25 апрели соли 1986 гуфта мешуд, вале имкон надоданд).

Дар шаҳру деҳот ҳангоми мулоқот бо китобдӯстон ман бештар чи китобҳоро мутолиа кардани мардумро ба исрор мепурсам ва аз он, ки шумори хонандагони борикфаҳм меафзояд, хурсанд мешавам. Монанди бисёр миллатҳои Осиё мо агарчи назми ҳазорсола дорем насри реалистиамон нав аст, бинобар он, ҳанӯз мисли насри миллатҳои дигари ин қитъаи арз услубан дар роҳи тақлид такопӯ дорад. Ман бисёр орзумандам, ки ин навъи пуртаъсири адабиёти имрӯзиамон сабку услуби хосаи ба талабҳои рӯҳонии мардуми тоҷик мувофиқро дарёб кунад.
Дар пешрафти завқи солим ва афкори равшани мардуми мо хидмати падидаҳои навтарини адабиёти имрӯзи мо кам нест. Дуруст гуфта шуд, нашри ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” дар ин ҷода аз дастгириҳои муҳим ва чораҷӯҳои бебадали ҳукуматамон буд. Чӣ ҷои хомӯшӣ, мо имрӯз бо камоли ифтихор иқрор мекунем, ки халқамон инчунин нашрияеро ташна будааст ва имрӯз онро бо иштиёқ мехонад. Маҳз, бо шарофати ин ҳафтавор жанри ҳикоя дар адабиёти мо дар тӯли ду-се соли охир хеле ривоҷ ёфт.
Дар кори ҳам “Адабиёт ва санъат” ва ҳам “Садои Шарқ” дар назари мо камбудиҳо бисёранд. Махсусан, “Садои Шарқ” эътибори худро хеле гум карданаш аҳли адабро ба ташвиш овардааст. Чаро маҷаллаамон беравнақ шуд? Агар афкори умумро пурсем, аксаран мегӯянд, ки баъзан шумораи нави онро мегирему ҳайрон мешавем:
саросари он бо мақолаҳо ё тарҷума пур аст ва аксар бо

пешина
аз 393
навбатӣ