Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Роҷеъ ба рукнҳои асосии ҳикоят. Аз дарсҳои адабиёт мо ҳама ёд дорем, ки ҳар як асари бадеъ аз се рукн ва ё қисмат иборат аст: оғоз, авҷи воқеа ва фарҷом.
Оғоз — воқеае, ки аз он дар ҳикоят амалу ҳаракат ибтидо мегирад ва рӯйдодҳои дигар сар мезананд.
Авҷ — ва ё кулминация (аз калимаи лотини “кулмен” қулла) — лаҳзаи шиддати баланди воқеа дар асар аст.
Фарҷом — вазъи ҳол ва мақому манзалати каҳрамонони асар дар саҳнаи охир ва хулосаи матлаб.
Ҳанӯз дар асри IV пеш аз мелод Арасту дар китоби маъруфи худ “Шеършиносӣ” чунин оварда аст: “Яклухт ҳамон аст, ки ибтидо, миёна ва охир дорад.” Вале аз замони Арасту то имрӯз касби суханварӣ низ такомул дид. Ҳоло адибон хуб медонанд, ки пайдарҳамии қисматҳои пешниҳоди Арасту дар ҳикоя зарур нестанд. Имрӯз адибон ҳикоятҳое навиштаанд, ки аз авҷи воқеа оғоз гирифта, сипас шарҳи он меравад. Ва ё дар баъзе ҳикоят қисмати фарҷом ба тарзи анъанавӣ вуҷуд надорад.
Аз ин ҷиҳат метавон ба ҳикояти имрӯз эзоҳи дигар дод: ҳикоят иборат аст аз баёни воқеа ва истиноду асоснокии хоса ба он.
Истиноду асоснокӣ чист? Ин таъбир силсилаи далелу ҷузъҳои хулосавиро дарбар мекунад, ки бо тасвири онҳо нигоранда моҳияти воқеаҳоро ба хонанда ба тарзи тоза ва чуқур мефаҳмонад. Агар вокеа — дили ҳикоят аст, истинод — ҷони вай аст. Истинод шаҳодат медиҳад, ки нигоранда мавзӯъ ва воқеаи ҳаётро то куҷоҳо амиқ ва возеҳ медонад.
Оид ба сухан. Бузургони илму адаб аз таъсири сухан ҳар чӣ гуфтаанд, ба назарам боз ҳам кам аст. Агарчӣ дар урф мегӯянд “ҳалво гуфтан катӣ даҳон ширин намешавад”, вале агар “ҳалво”-ро чунон ки боистӣ бигӯед, даҳон ширин мешавад.

пешина
аз 393
навбатӣ