Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рӯзе буд духтури ҷавоне аз ин боб ҳамсӯҳбати ман шуд. Вай аз паи таҷриба ба ду дасти ман ду ҳароратсанҷро дод. Ҳар ду ҳам 36,6 дараҷа — ҳарорати муқаррарии ҷисми инсонро нишон медод. Духтур ба ман гуфт, ки аз сари сидқ ба худ тасаввур кунед ва ба такрор гӯед, ки дасти рости шумо дар офтоб аст ва он аз офтоб гарм мешавад. Ман бо зӯри қувваи хаёл дасти худро дар офтобрӯ тасаввур карда, он суханонро такрор мегуфтам. Чӣ мегӯед, ки ҳарорати дасти рости ман аз сию ҳафт дараҷа гузашт. Баъд аз ин ба чӣ забон мегӯед, ки “ҳалво гуфтан катӣ даҳан ширин намешавад?!” Оре, қудрати сухан андоза надорад. Ҳайфо, ки қаламкашони ҷавон ва баъзан солдидаю деринкор ҳам дар ин боб ҳанӯз саҳлангорӣ мекунанд ва дар сари ҳар каломе, ки менависанд, намеандешанд, суханро сайқал намебахшанд. Боре як нафаре, ки худро муҳаққиқи адабиёт мешуморад ва солҳост, ки аз паи ин шуғл дар такопӯст, дастнависи ҳикояти маро хонда, дар зери калимаи “дабба” дилпур аз худ хати ғафс кашида дар ҳошия эзоҳ додааст: “Бисёр дағал!” Аввало “дағал” не, муҳаққиқ калимаи “дағал”-ро ба маънии “дурушт” овардааст, ки ин ғалати машҳур аст. Маънии калимаи “дағал” қалбакӣ, сохта, макр, сақат аст. “Дағал” ва “қалбакӣ” калимаҳои ҳаммаънианд. Яъне, маро ба сохтакорӣ ва сухани ғайритабиӣ гунаҳгор кардан ҳам нашояд.
Хуб, бигирем, ки ӯ калимаи “дабба”-ро дар адабиёт дурушт гуфтанист. Ба чӣ далел? Ин калима дар урфи қариб аксари минтақаҳои тоҷикнишин ҳаст ва ба адабиёти пешину луғатҳо ҳам ворид гашта ва ҳамчун истилоҳ ва номи беморӣ дар китобҳои тибб низ омадааст.
Нигаред, ки мо як калимаи зарурии забонамонро ки ҳам дар даҳони мардум ҳасту ҳам дар осори адибони пешин ва табибон чи гуна фаромӯш кардаем.
Агар қаламкашони ҷавон бештар ба мутолаа машғул мегаштанд, маънии ҳар як калимаи кор фармудаашонро боре ба таҳқиқ аз китобҳои луғат менигаристанд, аз хотирҷамъӣ ва худбоварии беҳуда гузар мекарданд, бо ин кор барои худ хеле манфиат мебардоштанд. Дар воқеъ, агар суханро мисли дурру алмос суфтан натавонем ва ё мисли марҷон ба шадда чидан аз дастамон наояд, чӣ мешуд, ки фикри худро возеҳ ва беғалат навиштанро меомӯхтем. Ин ҳунари шоистаест.
Дар иншои бисёре аз қаламкашони ҷавон, ки ба идораи рӯзномаю маҷаллаҳо фиристодаанд, тасвири тозаву мушоҳидаи амиқ ва афкори дурахшанда ҳанӯз камтар дучор меояд. Вале он навиштаҳоро хонда кас умедвор хоҳад гашт, ки аз байни онҳо суханварони дақиқкор мерасанд, агарчӣ имрӯз ном гирифтани инчунин навмашқон муҳол аст. (“Маҳол” не! Маънии “маҳол” ҷамъи “маҳал” аст). Ва ин ҳол маро агарчи каме мушавваш ва хотирпарешон медорад, вале боз ҳам умедворам ҷавонон ин панди гаронмояи Муҳаммади Иқболро дастури амал хоҳанд кард. Шоир гуфтааст:

Хештанро во намудан зиндагист,
Зӯри худро озмудан зиндагист.
1980

пешина
аз 393
навбатӣ