Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Моли дунё некхоҳонро диҳанд,
Оқибат парҳезгоронро диҳанд.
Дар ҳақи адибон ҳар фирқаеро гумони дигар аст. Баъзе хаёл мекунанд, ки мо барои бештар ҳаққи қалам ситондан менависему менависем ва ҳар чи иншо мекунем, филфавр аз паи интишораш мекӯшем. Феълан ҳаргиз ин тавр нест.
Ҳар як адиби асил бо ақлу фаросате, ки дорад метавонист, шуғли пурдаромаде дошта бошад: Мансабдор бошад ё аз паи касби дигар равад. Фақат адибони ҳақиқӣ ба ҳунари худ содиқ монданд.
Дар сари дастурхони адабиёт шумораи адибон беш не, балки туфайлиён ва ононе, ки худро адиб вонамуд доранд, аксаранд. Имрӯз фақат мардуми хеле фозилу борикфаҳм ва пурмутолиа дарёфтан метавонанд, ки адиб кист ва адибтарош кист. Баъзан ин тоифаи адибтарошон ҷаҳд доранд ба ҳар навъ ба ҷараёни табиии адабиёт халал оваранд. Онон шиори бозориён — “ту ба ман деҳ, ман ба ту”-ро дастури амал кардаанд. Адабиётро аз осеби ин тоифа ҳифз бояд кард.
Ман аз кирдукори ин тоифа адибтарошон қиссае навиштаам, аммо онро дар ин солҳои наздик ҳам нашр кардан наметавонам. Хеле аз он касоне, ки аз омоли онон ҳикоят кардаам алҳол дар маркази воқеаҳои рӯзгоранд. Дӯстон мегӯянд, ки айёми зарурат ва фаъолияти қиссаи ман мегузарад. Ҳаргиз намегузарад. Андрей Платонов “Дарёи ҷавонӣ”-ро соли 1934 навишта ба анҷом расонида буд, аммо имрӯзҳо он асар интишор ёфт, вале фаъолият ва ҳамовозии он ба масъалаҳои ҳаёти имрӯзи мардум ҳаргиз накостаст.
Адибе ҳаваскоре навиштаҳояшро пеши ман меоварад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё