Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
— Амак, — мегуфт падарам ба пири мӯйсафед рӯй оварда, — мегӯянд, ки Назарбой давлати калон дорад, ин гап рост аст?
Ёдам меояд, ки мӯйсафед зери лаб ноаён тамасхуре карду лаҳзае риши сафеди худро бо ангушт шона кашида андешид ва сипас ба чашмони мо — падару писар ба як таври аҷиб, асроромез нигарист ва моро нигарони ҷавоби савол дарёфт магар, дардолуда табассуме намуду гуфт:
— Назарбой давлати калон дорад, аммо он дунёаш ба вай насиб намекунад, зеро дар он ҳаққи ятим ҳаст. — Айнан ба ҳамин тарз, сарватро ӯ “дунё” гуфта буд.
Ин ҳукми марди пир дар хотири мани ҳаштсола сахт нақш баст. Сонитар аз ҳамдеҳагон шунидам, ки Назарбой дар паи сарватманд гаштан, баъди ҳалоки бемаҳали ҷавонмарде ба зани бевамондаи вай хонадор мешавад. Ба ҳамин усул ӯ сарвати марҳумро соҳиб мегардад, вале минбаъд ду кӯдаки ятими ӯро дар хонааш намеғунҷонад ва он бачаҳо дар хонаҳои хешовандони дуру наздики худ рӯз мебаранду ба камол мерасанд.
Аз ин миён якчанд сол гузашт, мардуми деҳаи кӯҳсори мо ба водӣ муҳоҷир гаштанд, ман аз паи таҳсили илм ба шаҳр омадам, ёдашон ба хайр, амаки падарам Мулло Хушмурод вафот карданд. Ман ҳар куҷое будам, дар як гӯшаи хотирам Назарбой буд: пешгӯии мӯйсафед дуруст меояд ё не, донистан мехостам.
Боре дар айёми таътил ба деҳаи навбунёдамон рафтаму шунидам, ки Назарбой аз олам гузаштаст. Ҳамдеҳагон гуфтанд, ки ӯ баробари ҷамъият ба ночор бор басту деҳаи кӯҳсорро тарк карда ба водӣ фуромад, аммо пиракӣ ҳамеша беқарор менамуд, ҳар замон ба кӯҳистон равуо дошт.
Назарбой боре ба кӯҳистон мераваду мебинад, ки бо дастури маъмурони совхоз чӯпоне аз деҳаи дигар муваққатан дар ҳавлии ӯ истиқомат дорад. Ӯ ҳафтае ё камтар дар макони собиқи худ монда, ғолибан пайт мепояд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё