Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
меояд. Бешак, имрӯз дар шеър ба мақоми Ҳофиз расидан хеле мушкил аст ва ин гуна гумони моро сабаби зиёд аст.
Дар ин роҳ шоиронро боз ҳам шеъри Ҳофиз дастгир ва раҳнамо хоҳад шуд.
Гуфтанд, ки истеъдоди бузург ҳампанҷаи масъулияти азим зуҳур меёбад. Соҳибистеъдодеро, ки камхирад бошад ё аз хондану омӯхтани илму фанни замони худ коҳилӣ кунад, ҳанӯз надидаанд ва нашунидаанд. Истеъдод ва ранҷу заҳмат аз шартҳои нахустини эҷодкорӣ аст. Дарвоқеъ, касе, ки афкори ӯ аз андешаи мардумон болотар парвоз намегирад, ба он ҷамоат чӣ сухани тозае гуфтан метавонад?!
Ашъоре, ки имрӯз ҷавонон ба мардум пешниҳод мекунанд, агар аз чанд ҷиҳат бартариҳо дорад, вале аз баъзе лиҳоз кӯтаҳиҳо ҳам дорад. Бартарии шеъри ҷавонон дар он аст, ки ҳоло қаламкашони ҳаваскор қонуни арӯз, қофия ва дигар шартҳои назмро, асосан, медонанд.
Кӯтоҳии онон дар он аст, ки фикри тозаю дурахшандае надоранд, то бигӯянд ва он маънии шеъри ононро аз тасниф ба шеъри ғарро табдил кунад.
Бигирем, шеъри Иззатулло Ҳусайнӣ “Дӯст”-ро. Шоири ҷавон (дар синн ҷавон не) ба сокинони мавзеи аз зилзила харобгашта хитобан мегӯяд:
Ларзаи ту аз дили кишвар гузашт,
Аз рагу пайванди ҳар модар гузашт.
То дили поки ватан — Москва рафт,
Аз ҳама минбар гузашт.
Аз дилу аз пайкари ёрон гузашт,
Ҳамчунон аз мағз мағзи ҷон гузашт,
Сарвати садсоларо барбод дод,
Гарчи дар як он гузашт.
Аз бари гаҳвораи тифлон гузашт,
Аз бари хурду калон яксон гузашт,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё