Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дӯст омад, лек дилбардори ту,
Мушкилат осон гузашт…

Дар ин ҷо фақат се банди шеърро овардем. Боқӣ дувоздаҳ банди он аз хусуси он, ки дӯст омад, ёрикор шуд, кӯрпаю қолин овард, роҳ сохту биноҳо ва ғайра.
Дар ин шеър мавзӯъ ҳаст, аммо барои шеъри ҳассос мадорик нест, фикри дурахшанда ва образи мӯъҷазе, ки хабарномаи манзумро ба шеър табдил созад, нест ва ё дар таҳи пургӯии шоир гум гашта. Шоир мантиқи каломашро сахту шадид санҷида нагуфтааст. Бинобар он, суханашро аз ларзаи мусибатдидагон оғоз мекунад, ки ба гӯши шунаванда чандон хуш намеояд: “Ларзаи ту аз дили кишвар гузашт…” Шоир фарзанди халқу замони худ аст, боист, ки вай тарсу ларзи ӯро не, ҷасорату фидокории ӯро медиду мегуфт ва онро мӯъҷазу пухта ва мустаҳкам мегуфт. Аммо пайдост, ки шоир шеъри пурдард ва самимӣ гуфтанист.

Дӯст омад, оғӯшатро боз кун,
Дӯстро аз меҳр пойандоз кун.
Ҳамраҳаш дар зиндагӣ дуру баланд.
Турнасон парвоз кун!

Дар сатри нахусти ин банд сактаи вазн дучор меояд.
Сатри дуюми он мантиқан дурушту мазмунан хароб аст, аз меҳр бошад ҳам, дӯстро пойандоз намекунанд. Байти хулосавӣ, ки мебоист тамоми гуфтаҳои шоирро ҷамъбаст кунад, аз бом тарошавор афтода. Зеро дар шеър аз ваҷҳи баҳору турнаҳо ва парвозҳо сухан набуд, пас ин хулоса аз куҷо?! Бе ҳеҷ шаке Ҳусайнӣ ашъори пухта ва дилрас низ гуфтааст, аммо ин чанд шеъре, ки таҳлили онро аз ин банда дархост карданд, аз абёти начандон комили ӯ ба назар расид.

пешина
аз 393
навбатӣ