Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Шоири ҷавон бориктар наандешидааст, ки гардани хам на макр аст ва на “забони садқасам” аст.
Умуман, дар ашъори Рустам Ваҳҳобов афкори равшане, ки гуфтанист, ба назар мерасад, аммо шоири ҷавон дар бобати ифодаи саҳеҳ, ки он афкорро рехтаю дилчасп бо шеър ифода созад, сахтӣ мекашад.
Аз райони Мастчоҳ Олимхон Исматов муддатҳост, ки шеър мегӯяд. Дар миёни дубайтиҳои ӯ шеъри писандида кам нест. Мисраҳои ӯ бо самимият ва фикри андешаҳои интихобан ба риштаи назм чидааш диққатрабоянд.
Дареғо, боз рӯзе кард падруд.
Ки пур аз ҷонфидоиҳои мо буд.
Дилам чун оташи ҷовид сӯзад,
Ба ёди рӯзҳои мурдаи худ.
Шукуфад пахта ҳамчун орзуят,
Шукуфад пахтаҳо монанди рӯят.
Бирез оби ҷабин, эй марди деҳқон,
Нарезад ҳеҷ гаҳ то обрӯят.
Бешак ҳамаи рубоиҳои Олимхон Исматови мастчоҳӣ намакин ва рехтаю суфта нестанд, вале чунин эҳсос мешавад, ки ӯ оҳанги каломи тоҷикиро дарёфтааст ва фикреро дар либоси шеър ҷилва кардан метавонад.
Муҳаммадшариф Бобошарифов (аз шаҳри Душанбе) низ шеъргӯӣ дорад. Хоса дубайтиҳои вай соддаю самимиянд. Аммо шеъри ӯ алҳол хеле оддӣ ва шогирдона аст ва ҳанӯз аз чанги сактаҳои вазн ва дигар навъ нуқсонҳо раҳоӣ наёфтаст. Намунаи дубайтии ӯ:
Дило, дар зиндагӣ бебоктар бош, Фидоии раҳи бахти башар бош.
Чу мардони ватан дар корзорон, Зафарманди ҳама разму хатар бош.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё