Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Албатта, чунин шеърҳо агарчи як андоза равону дилрасанд, шеърдӯстони имрӯзаро ба ҳеҷ ваҷҳ қонеъ намекунанд, зеро дар онҳо афкори баланду тоза ва образи дилчаспу хотирнишин нест.
Шеърҳои Нуриддин (аз райони Орҷоникидзеобод) аз навиштаҳои дигарон бо равонӣ ва соддагии беғаши худ тафовут мекунад. Шоири ҷавон дар паи образҳои тоза шеърро муғлақ намекунад ва ҷаҳдаш бар он аст, ки матлаби худро равшан ифода намояд.
Аз нишоти рӯи ёрон гул кунад рухсори ман,
Пухта гардад з-ақли онон ҳар замон афкори ман.
Дар рафоқат маҳзаре чун ростӣ поянда нест,
Заррае набвад каҷӣ дар кору дар гуфтори ман…
Марзҳо гулпӯшу ободон зи файзи дӯстист.
Дӯстӣ з-ин рӯ бувад сарбайт дар ашъори ман.
Аммо самимӣ ва бегилу ғаш сухан гуфтан имрӯз барои шоири ҳақиқӣ кам аст. Нуриддин бояд аз умумигӯӣ даст кашида ҳамон файзу баракати дӯстиро дар мисолҳои конкрету мушаххас, бо образҳои хотирнишину афкори тоза баён кунад.
Ашъори шоирони ҷавонро мутолаа мекунеду ғайриихтиёр рӯҳи назми хитобавӣ-декламациониеро, ки баъди инқилоб то солҳои шастум дар адабиёти мо мақоми устувор дошт, эҳсос месозед. Аломати асосии ин назм ҳар сухане, ки аз минбар гуфта мешавад ё дар рӯзнома нашр кардан мумкин аст, ба назм овардан аст.
Ҳоло ҷавонони эҷодкор пай бурдаанд, ки паи идроки шеъри миллати худ ва даври худ боист, ки осори маънавии мардумони дигарро омӯхт.
Дареғо, ки маърифати баъзе аз ҷавоншоирони мо бо донистани шеъри шоирони тоҷик ва осори лафзии мардуми мо иктифо меёбад. Ҳол он, ки дарёи насрро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё