Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бешак, ин луғат фарҳанги тафсирӣ нест, аммо донишҷӯе, ки ба умеди донистани маънии “аксиома” ё “дистрофия” луғатро мекушояд, ноумед аз он, аз паи луғоти дигаре бояд бошад.
Ташвишангез аз ҳама он аст, ки як нуқсони ҷиддие, ки дар луғати пешин камтар ба назар мерасид, дар луғати нав фаровон дучор меояд, ки он нафаҳмида, дақиқ насанҷида, нопурра ва ноқис шарҳу эзоҳ кардани калимаҳост.
Бигирем: “атрофия — 1. атрофия, маълул (иллатнок — Б.Ф.), беҳис шудан ва аз кор баромадани ягон узви бадан...” Дар луғати забони русӣ (иборат аз чор ҷилд, ки Институти забони русии Академияи Илмҳои СССР ба нашр ҳозир кардааст) ин модда ба ин тарз шарҳ ёфтааст:
“Потеря жизниспособности и уменьшение размеров органа, отдельных тканей организма вследствии нарушения их питания или длительного бездействия”. Луғати Ожегов ба тарзи мухтасар чунин эзоҳ додааст: “Истощение какого-н. органа, потеря им жизнеспособности”.
Фақат шахси зоҳирбин тафовути маъниро фарқ намекунад.
“балласт — сарборӣ”.
Ҳол он ки маънии аслии “балласт” ҳаргиз сарборӣ нест. Балласт борест (рег, санг, шағал), ки барои ба қадри зарурӣ дар об ғӯтидани киштиҳои сабуки бодбонӣ ба таҳҳуҷраи он ҳамешагӣ рехта мемонанд. Шарҳи луғати Ожегов: “l. Специальный груз для обеспечения правильной осадки и устойчивости корабля. 2. Мешки с песком для регулирования высоты полёта аэростата. Сбросить балласт. 3. перен. то, что излишне оттягощает, обременяет кого-что-н” Освободиться от балласта устарелых взглядов. 4. Щебень или песок, к-рыми засыпают железнодорожное полотно и на которые укладываются шпалы”.
Аз ҳамин қадар маънӣ луғатсозони мо сарфи назар

пешина
аз 393
навбатӣ