Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
карда, ба хонанда як маънии маҷозии камистеъмол ва номаъруфи онро пешкаш карданашонро сабаб чӣ бошад, дарёфтан маҳол аст.
Бигирем, моддаи “капавейка”-ро. Дар луғати “русӣ-тоҷикӣ” онро чунин эзоҳ додаанд: “камзӯлчаи занона”. Луғатҳои забони русӣ “капавейка”-ро ҳаргиз камзӯл нагуфтаанд, балки кофтаи занона эзоҳ ёфтааст. Ба ғайр аз ин, на дар луғати чаҳорҷилда ва на дар луғати Ожегов “лабакидор” (саҳеҳтараш — шерозадор, зеҳдор ё лаблӯладор) будани он ишора нашудааст. “Русская женская народная одежда, род распашной верхней кофты на вате, меху на подкладке”. Онро ба тоҷикӣ “гуппича” ва дар гузашта “капанак” мегуфтанд: “Ҳисомӣ дар шасту се сол ду капанак пӯшидӣ”. (Оташкада).
“Родничок — нармаки сар”. Маънии аввалиндараҷаи он — “чашма”-ро чигуна аз эътибор соқит кардани мумкин аст?!
Даставвал ман луғати навро ба даст гирифта, дар ғояти шавқу шодмонӣ варақ мегардонам, ки чашмам ба моддаи “сабантуй” афтод, ки ба ин тарз тавзеҳ ёфта буд: “1. Иди баҳор (ҷашни тамом шудани кишту кори баҳорӣ) 2. базм”. “Аз ин матн чунин бармеояд, ки он иди мардуми рус аст. Азбаски ин идро ман аз маросимҳои мардуми тотор гумон доштам, дар тааҷҷуб ва тафаккур мондам. Луғоти русиро кушодам, ки дар он ин модда ба ин тарз эзоҳ ёфта: “Народный весений праздник у татар и башкир, посвященный окончанию полевых работ”, “сабон” яъне, омоч ва “тӯй” будааст.
Толибони луғатро аҷаб меояд, ки луғатсозони мо фарқи “астар” ва “остар”-ро намедонанд. “подкладка — астар, остар”. Охир, “астар” хачир аст! Дуруст аст, ки дар гуфтугӯ баъзан “остар”-ро “астар” ҳам мегӯянд, аммо агар мардуми авом инро фарқ намекунанд, забоншиносону луғатсозон бояд, ки тафовут бишиносанд. Вагарна

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё