СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
ҚАЛАМ
Қаламам зӯру иқтидорам шав,
Теғ шав, теғи обдорам шав,
Мисли шамъе бисӯз беармон.
Равшанибахши рӯзгорам шав.
Қадди ман хам шавад зи бори умр,
Ростӣҷӯю растагорам шав.
Вақти пирӣ асои дастам бош,
Бемадорам агар, мадорам шав.
Гар бимонам ҳақиру бечора,
Дасти ман гиру чорадорам шав.
Дар зафарҳои пуршукӯҳи халқ
Дастаи байрақи диёрам шав.
ШОГИРД
Мо ба шогирдӣ ба дуньё омадем,
Мо ба шогирдӣ нигаҳ бикшодаем.
Чун давоми роҳи устодони худ
Аз барои хеш раҳ бикшодаем.
Зистан омӯхт моро рӯзгор,
Чашми моро зиндагӣҳушьёр кард
Мо мурувват дидаем аз дӯстон,
Лутфашон моро накӯкирдор кард.
Меҳри гарму шафқату одамгарӣ,
Ҳар нигоҳи беғараз дар ёди мост.
Раҳнамои мо бувад хурду бузург,
Чашми ибратгир истеъдоди мост.
МОЛДОВА
Бо ту доим ҳамиишин гар нестам,
Гул ба дасту май ба соғар нестам,
Бо ту ҳастам ошно аз кӯдакӣ,
Меҳмон аз мулки дигар нестам.
Менигаштам дар харита сӯи ту,
Ҷониби ҳар теппаву ҳар кӯи ту.
Мефишурдам дасти ту аз дуриҳо,
Меситудам қудрати бозуи ту.
Бо ту аз соли чилу панҷ ошно,
Аз хати сегӯшае, ки омад ба мо,
Ҳамчу тӯморе фиристодӣ падар,
Баҳри таскини дили мо — баччаҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё