Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ХУНИ ШОИР

(Ба ёдбуди Ҳабиб Юсуфӣ)

Магар гул будиву бо умри гул қонеъ шудӣ, шоир?
Ту булбул будиву ҳаргиз сурудатро набуд охир.
Ба васфи кишвари обод, Ба васфи дилбари озод Суханро болу пар бахшидиву пироя барбастӣ, Ба савти тозаат хомӯшии ин базм бишкастӣ.
Хазоне тохт боғатро, Аду бишкаст болатро...
Кӣ бо шеван ба хокат монд?
Сари хокат кӣ ашк афшонд?
Кӣ гуфто алвидову бар фалак бардошт мушташро, Ва лаънат хонд қисматро, Адӯро, ҷангу кулфатро?
Ва нафрин гуфт бар дуньё?

Аҷаб не, дар канори Висла ҳар Наврӯз рӯи барф Зи хуни гармат акнун лолаҳо рӯянд бас шангарф, Шавад ҳар духтаре ҳайрон, Ба меҳри лола саргардон.
Аҷаб не, хуни покат Висла рӯи мавҷҳояш бурд, Дар уқьёнусҳо хуни ту тӯфони дигар бардошт, Шаби торик ба раҳгумкарда мардон раҳнамоӣ кард.
Аҷаб не, як замон он қатраҳои хуни покат боз Фуруд ояд ба оби Дарғам1 аз ҳар абри гардунтоз.
Зарафшон гирад оғӯшат, Бибӯси хоки гулпӯшат.
Зи нав чун лола аз хоки диёри хеш бархезӣ, Зи нав бо атри гулҳои баҳори хеш омезӣ.
Навои кишварат хонӣ, Суруди дилбарат хонӣ…
Вале ту зиндаи ҷовид, Дар ин ҷо шеъри ту хонанд, Агар қабрат намедонанд, Ҳама қадри туро донанд.

1Дарғам—рӯдест дар самти ҷануби шаҳри Самарқанд.

пешина
аз 39
навбатӣ