СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
Ба ӯ рӯҳи қавӣ, тани солим,
Ба тӯ сӯзу гудоз мехоҳам.
Дасти мушкилписанд дар ҳар кор,
Бахти беимтиёз мехоҳам.
Рӯзи кӯтоҳ, бо талоши кор,
Солҳои дароз мехоҳам.
Ақли мушкилкушоӣ дар ҳар боб,
Фикрати чорасоз мехоҳам.
Ба ту хони кушодаи эҳсон-,
Ба ту дарҳои боз мехоҳам.
Пои ту пойдор дар ҳама кор,
Дасти ту бениёз мехоҳам.
ШЕЪР
Дар ҳақи ёру сабзаву гулзор
Шеър гуфтан зиёда мушкил нест,
Шеър гӯяд ҳар ошиқе ночор
Шеъри ӯ гарчи зи оташи дил нест.
Шоиранд ошиқони дилогоҳ
Ман ҳам аз ишқ шеър мегуфтам.
Рӯи ёр офтоби оламтоб,
Мижагонаш чу тир мегуфтам.
Баъд шӯҳратталош як дилсард
Дар паи шеър афтухезе кард.
Аввалин бор шеър бинвиштам
Бо ситеза ба қасди он бедард.
Бехабар ман аз он, ки дар олам Мардуми бехурӯшу беғам ҳам Гоҳу бегоҳ шеър мебофанд, 3-он матои касод мелофанд.
Бехабар ман аз он, ки инсонро
Аввалин шеъри асл гул будаст.
Бехабар ман аз он, ки дар дуньё
Шеъри шоир барои пул будаст…
Сатрҳо бефурӯғу безинҳор,
Маъниҳо обшуставу беранг.
Шеъри дилнописанд шуд бисьёр,
Омад аз шеъру шоириам нанг.
Дарди касро даво нашуд ҳаргиз,
Пас чи даркор инчунин ашъор?!
Бе ҳамин сатрҳои лангон низ
Пур шуд олам зи шеъри нодаркор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё