Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

СУРУДИ ДУХТАРИ НОШИНОС

Дар канори рӯди кӯҳӣ месарояд духтаре,
Аз ҷудоӣ шикваҳо бо оби дарьё мекунад.
Месарояд ӯ суруди кӯҳнаи ҳузноваре,
Нолаҳо аз дасти ишқи номуросо мекунад.

Кӯҳхомӯш асту соҳилҳои дарьё ҳам хамӯш,
Масарояд аз ҷафои ишқ навдилдодае.
Дар дили торики шаб гулдухтари имдодҷӯ
Нолаҳо дорад зи ҳаҷри ёри дурафтодае.

Ишқи ӯ дар сина чун гирдоб мепечад ба худ,
Еди ёр аст он, ки андар дил талотум мекунад.
Бар дили ҳар санг асар дорад ниёишҳои ӯ,
Савти рӯҳафзош ҳатто сангро мум мекунад.

Аз куҷоӣ, кистӣ, дар ин шаби касношинос?
Ҳар касе бошӣ барои ман сурудат ошно.
Зарбаҳои қалби худ бишнохтам з-овози ту,
Бо дили дардошнои ту дилам шуд ҳамсадо...

Дар сари хирман шабонгоҳон мани дилбохта,
Месурудам, ҷӯр мегаштанд бо ман рӯдҳо
Месурудам ман суруди ошиқони дарднок,
Он суруде, ки ба аҳли дард будаст ошно.

Мисли ту гум кардаам ман ҳам нахустин ёри худ, Ёфтам ман аз суруди ту нишонашро кунун.
Бо ҳама дарду азобу содагиву сӯзу соз Ишқи аввал шуд маро дар зиндагонӣ раҳнамун.

пешина
аз 39
навбатӣ