СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
РОЗҲО
Шаби маҳтоб, гулгаштеву дарьё
Нигоҳи ёри бепарвою хомӯш
Фаромӯшам намегарданд асло,
Намегарданд як умре фаромӯш.
Агар дарьё забон медошт мегуфт,
Муҳаббатро чи подоше супурд ӯ.
Дили бечораамро бетараҳҳум
Ба монанди аноре чун фишурд ӯ.
Ба роҳи хеш вай ҳам рафт ман ҳам,
Бирафт, ӯ бахти осон ҷуст ҳар ҷо.
Вале ман сӯи фардо роҳҷустам,
Нашуд доғи вай аз дил шуст асло.
Ғами норафтанӣҳаргиз набудаст
Чу кӯҳ бошад, ки мӯ-мӯ меравад он.
Бирафтам, гарчи тан додам ба тақдир,
Дили якрав, вале дар кӯи ӯ монд.
Ҷавонӣ меравад, ҳайҳот, бингар
Намеояд ба ҷӯи умр ин об.
Бо соҳилҳои ту, рӯди азизам,
Намеоям дигар шабҳои маҳтоб.
Агар он ваъдабоз ояд, аё дӯст,
Сари роҳаш бигир аз мавҷ занҷир.
Фаромӯшат нагардад, рӯди маҳбуб,
Дили сӯзони ман аз дасти вай гир!
Шоир аз гуфтор монад,
Базмҳо беҷӯш монанд,
Торҳо аз ҳам гусаста
Мутрибон хомӯш монанд.
Бе фурӯғи шеъри шоир
Раҳравон гумроҳ бошанд,
Нокасон аз дилсиёҳӣ
Доғи нав бар моҳ пошанд.
Шоир аз гуфтор монад,
Мункирон бар минбар оянд
Оқилон хомӯш монанд,
Ҷоҳилон даъвогар оянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё