Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧАШМҲОЯТ

Ёди ту рӯзу шабон дар сари ман мерақсад, Барқи чашмони ту дар соғари ман мерақсад.
Чашми ту аз гулу аз ахтару аз оби равон Ҳар шабе дар сари ман, дилбари ман, мерақсад.

Мӯи нобофта дар гирди сарат чанбар буд,
Қадди ларзони ту дар нозу адо дигар буд.
Чун баҳор аз қадамат хонаи ман гул мекард,
Ҳар қадам, ҳар сухану ҳар нигаҳат дилбар буд.

Чун гиёҳи сари роҳат зи назар афтодам,
Лек ман кай зи паи фикри дигар афтодам?
Қавли ман буд якеву дили ман буд яке
Сустаҳдии ту шуд ҳаҷр ба сар афтодам.

Боз мағрур ту аз пеши назар мегузарӣ,
Боз дар базм ту ҳар як қадамам мешумарӣ.
Боз мерақсию ҳар дам сари ман чарх занад,
Ту ба чашмони пур аз роз ба ман менигарӣ.

Ҳар сари сол гар аз нав чу гияҳ мерустам,
Рӯи гарму нафаси поки туро меҷустам.
Гар диле дораму в-ар дидаи меҳрафшоне,
Боз аз меҳру вафо дастагуле мебастам.

Як замон бозии чашми ту дил афурӯхт маро,
Як замон дору мадори ту басо сӯхт маро.
Боз ман силсилачунбони вафодоронам,
Меҳри поки ту, гуло, кина наомӯхт маро.

пешина
аз 39
навбатӣ