Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТЕШАИ НАҶҶОР

Ба устод Мирзо Турсунзода

Гӯянд падар дуредгар буд,
Як чӯбтароши пурҳунар буд.
Чун теша задӣ ба шавқ наҷҷор,
Ҳар чӯб шуди нафису ҳамвор.

Чун нақш ба чӯб метарошид,
Гӯё дили хеш мехарошид.
Ҳар гӯша аз ӯҳаёт меёфт,
Ҳар манзил аз ӯ нишот меёфт...

Шояд ки ҷилову сайқал аз ӯ
Омӯхт писар ба шеъри дилҷӯ.
Дар даҳр иморат аз сухан кард,
Андар дили мардумон ватан кард.

Афрохт бинои пойдоре,
Аз шеъру суруди дӯстдорӣ.
Дилҳо зи ҳунар ба ҷӯш овард,
Аз хуш рабуду ҳуш овард.


Шоир аз ҷавҳари ҷон шери ҷилодор кунад,
Ҳамчу дарё раҳи худ ҷӯяду ҳамвор кунад,
Ӯ сукути дараҳоро шиканад ҳамчу баҳор,
Чашмаҳоро ба хурӯш ораду бедор кунад.

То ки ҳар шеър ба дилҳои дигар роҳ барад,
Шоир аз хуни ҷигар мазҳари ашъор кунад
Ҳама кас замзамаи шеър ба сар дораду лек,
Ӯ ба шамшери қалам шӯраду пайкор кунад.

Шоир аз шеъри касон маънигадоӣ накунад,
Оядаш нанг аз он ҳарф, ки такрор кунад,
Ҷомаи нав натавон дӯхт ба дарбеҳи куҳан,
Аз чунин беҳунарӣ марди ҳунар ор кунад.

Эй ки аз шеъру сухан номи баландат ҳавас аст,
Аз дили худ сухане гӯ, ба диле кор кунад.

пешина
аз 39
навбатӣ