СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
Рӯи қолини сабза биншаста
Роз гуфтем бо суруди баҳор.
Лек ҳасрат намебарам дар дил
Розҳои нагуфтаам бисьёр.
Навбаҳорони аз ҳама зебо,
Пургулу пурумеди ман боқист
Дар дилам шеърҳои ногуфта,
Достони наву куҳан боқист.
Боз дар чашмҳои пуруммед,
Шӯълаҳои шарораборам ҳаст,
Дар лабони хамӯши сӯзонам
Оташин шеъри васфи ёрам ҳаст.
Метавонам, ки бо ду байти хуш,
Боз мафтун кунам ҷаҳонеро,
Боз хушбахт мешавад бо ман
Ҳар яке назанини беҳамто.
Зарраам гарчи дар мақоми хеш,
Ҷуфти ман меҳру моҳ хоҳад шуд.
Ери ман нозанини беҳамто,
Шӯхи олампаноҳ хоҳад шуд.
Лек дар сина ҷои ту холист,
Дигар он пур намешавад ҳаргиз
Оташи ишқҳар касеро сӯхт,
Доғаш аз дил намеравад ҳаргиз!
МАКТАБ
Гарданд бе ман дар ин дабистон,
Гарданд бе ту дар ин хиёбон.
Навошиқон боз ашъор хонанд,
Гулдухтарон боз ин ҷо хироманд.
Ҳар субҳ бе ту,ҳар шом бе ман.
Занги танаффус, зангӯлаи дарс
Дарҳои шодӣ во мекунад боз,
Чун кӯҳсорон оғози сад рӯд
Дар оғӯши худ ҷо мекунад боз
Ҳар рӯз бе ту, ҳар рӯз бе ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё