Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

КӮҲСОР

Гузашта аз баланду пасти дуньё
Ба оғӯши ту оям боз фардо.
Равам аз маҷлису ғавғои бисьёр,
Бупечам дар ҷаҳони орзӯҳо.

Намегӯям ба зинат беқиёсӣ,
Ту чун модар ба умри ман асосӣ.
Ҷавон рафта, агар ман пир оям,
Маро чун кӯдаки худ мешиносӣ.

Дилам бо орзӯ пур мекунӣ боз,
Чӣ гум кардам, ту ҳозир мекунӣ боз.
Ду чашмам бор мебардорад аз бахт,
Маро, кӯҳсор, шоир мекунӣ боз.

Ба дӯшам бори армонҳои бисьёр,
Умедам чун асо доим нигаҳдор,
Агарчӣ пири барҷомонда бошам,
Ба побӯсит оям боз, кӯҳсор.

Шудам пазмонат, эй фархунда маъвой,
Равам хар гоҳ истиқбол бинмой.
Равам дар манзили худ ҳамчу фарзанд,
Чу модар нимишаб дарвоза бикшой.

ПАДАР

(Барои падарам Бобои Мусулмон)

Ман сутуни хонадон будам туро,
Чун дарахте соябон будам туро,
Ман асои фасли пириат будам,
Муттакову пуштибон будам туро.

Дастёрат нест, корат мондааст,
Зӯри дастат рафта, борат мондааст,
Кӯчкардагӯиёмурғонзибоғ,
Лонаҳодар шохсорат мондааст.

Гаҳ пушаймон гашта гӯӣ бо итоб,
К-з хато бар дасти ман додӣкитоб,
Аз хато бар нася додӣнақди худ,
Чашмаат хуштар зи дарёи сароб.

пешина
аз 39
навбатӣ