Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар бубинӣ дар дили ман
Гӯшаеро дар ғубор
Беумеде, бенавиде,
Бе ҳавои рӯзгор
Ҳар кӣ бошӣ ист як дам,
Дил макан ҳоло марав.
Умр дар пешаст охир,
Бехабар аз мо марав.
Ин биёбон аз садоқат
Лолазорон мешавад,
Сайргоҳи ошиқону
Кӯи ҷонон мешавад.
Ман чу саҳро гар ту оӣ,
Ҳамчу оби сарди Вахш
Дашти Ёвони туам, ман,
Босафову рӯҳбахш.

ТАВБА КАРДЕМ
(Ба хотираи кайҳоннаварди шаҳид
Владимир Комаров)

Хабари марги муфоҷоти далер
Дар асабҳои ҷаҳон ларза фиканд.
Дар гулӯ печ зад оҳи ҳама кас,
Аз дили даҳр фиғон гашт баланд.

Шарари синаи халқу ватанам
Рафту баргашта ба манзил нарасид.
Қосиди пурдили халқам ин бор
Дар сари роҳи само гашт шаҳид.

Ӯ на Колумб, ки бар сарвати Ҳинд Роҳҷусту, яке Амрик кушуд.
Ӯ ба амри ватану ҳукми замон Банди афсонаи торик кушуд.

Чун Магеллони само одамият
Достони сафараш мехонад.
Ҳамчу Беруниву Сино ӯро
Ин замин шӯҳрати худ медонад.

Ӯ нарафт аз паси як пора замин,
Ба само шайтанатангезӣ нарафт,

пешина
аз 39
навбатӣ