Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷон Стейнбек3, чу фарзанди шумо
Сӯи Ветнам паи хунрезӣ нарафт.

Ӯ нарафт аз паси симу зари муфт,
Ё паи меваи боғи дигарон
Набуд ӯро тамаъ аз моли касе,
Набуд ӯ марҳаматеро нигарон...

Бедилу бешарафе хушнуд аст:
-- Мо нагуфтем, ки барвақт ҳанӯз.
Панд гӯяд мушаке бо ҳикмат:
-- Ба кӣ даркор само ин шабу рӯз?

Пурсад андар паси девор ниҳон:
--Тавба кардед, аё шаккокон?
--Аз азал тавбафаромӯшонем,
Обию оташием мо яксон.

--Тавба кардем?..
Ватан фармон кард
Кӯдаку духтари мо тавба накард,
Павлику Зоя магар таслим шуд?
Не, не, аз қисмати худ шиква накард.

Аз азал тавбафаромӯшонем,
Зиндагонӣ ба раҳи мо гардад.
Ба ҳамон роҳ, ки ҷон кард нисор
Қудрати одами боло гардад.

3ҶонСтейнбек — адиби маъруфи америкоӣ.

НИҚОБ

Як замон марди фурӯтан буд ӯ,
Меҳрубону мушфиқу ғамхор буд.
Ҳам баробар буд бо хурду калон,
Доимо пуркору камгуфтор буд.

Як замон дар байни ёру дӯстон
Хуштабиат, хушсухан дилзинда буд.
Аз нигоҳаш меҳру шафқат рехта,
Чеҳраи ӯ доимо пурханда буд.

Борҳо аз сидқи дил, бо тобу таб
Ӯ ба дарди дигарон ҳамроҳ буд,
Доимо дар имтиҳони зиндагӣ
Аз тамоми неку бад огоҳ буд.

пешина
аз 39
навбатӣ