Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НА ИНУ НА ОН

На дар ту хазоне, на дар ту баҳоре,
Ба ҷуз тирасурат ба дунё чӣ дорӣ?

На обӣ на оташ, на бодӣ на хокӣ,
Ба ҳар чашми бино нишаста ғуборӣ.

Чу шабтоб кирме ту зулматпаноҳӣ,
Чӣ мавҷуди хокӣ, ки гардунвиқорӣ?

Ба нармӣ на лаҳмӣ, на сахтӣ чу сутхон.
На ину на онӣ, маи бехуморӣ.

Чӣ гӯям туро ман, чу лойе дар ин раҳ
Ба ҳар по нишаста қадам мегузорӣ.

Забон дар даҳон каш зи мардумфиребӣ.
Малахро чӣ даъвӣ ба шоҳиншикорӣ.

ҲУЛБӮЙ

Ранг додаст замин ҷумла гиёҳу гулро,
Ранги худро ба ту додааст ҳамин хоки Ватан
Бурдаанд атри заминро ҳама гулҳо бо худ,
Бӯи худ дода ба ту хоки фараҳноки Ватан.

Дур аз ёру диёр атри диловези туро,
Ёфтам дар лаби дарёчаи шӯхоби дигар,
Обаки сарду зулоли деҳа ёдам омад,
Кофтам накҳати гумкардаам аз сабзаи тар.

Обаки кӯҳии мо таъми шифобахши ту дошт,
Сар ниҳад то ки ба пои ту, давон меомад,
Ба машом атри фараҳбахши ту меомад аз он,
Пояю барги туро бӯсазанон меомад.

Дар хумори туям, эй меҳргиёҳи хокам,
Дар машомам ҳама дам бӯи фараҳбахши ту буд
Дур аз соҳили Варзоб дилам ёди ту кард,
Дар назар ҳулбаи хушбӯи лаби ҷӯй намуд...

Дар лаби ҷӯй ба ёди ту нишинам нафасе,
3и насими ту нафас гираму гӯям ҳар бор!
Бӯи ту, бӯи замин, атри шифобахши ватан,
Бӯи тифливу ҷавониву баҳори кӯҳсор.

пешина
аз 39
навбатӣ