СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
На хушомад дӯст, на таъриф хоҳ,
Дар назарҳо ҷони одам буд ӯ.
Беҳтарин ҳамроҳ дар роҳи сафар,
Марди бас хушбахти олам буд ӯ.
Баъдтар вай з-одаму одамгарӣ —
Аз атои умри худ парҳез кард.
Монд як сӯ дӯстиву ёварӣ,
Худписандӣ косааш лабрез кард.
Одамӣ ҳар қадр бошад дар ниқоб
Дер ё зуд боз ифшо мешавад.
Лек ман ҳайронам акнун, дӯстон,
Аз куҷо ин дард пайдо мешавад?
Саҳаргоҳон ба истиқболи хуршед
Баро бар қуллаҳои кӯҳсорон.
Рух андар чашмаи нури шафақ шӯй,
Нафас гир аз насими обшорон.
Ҳавояш соф чун оби равонаш,
Заминаш поку пок аст осмонаш.
Ҳама гарду ғубори тира дар паст,
Чу оби қаъри кӯза таҳнишин аст.
Сабукрӯҳаст инсон дар баландӣ,
Намебинад аз ин ҷо пастии роҳ
Ба қайди худ гирифторӣ надорад,
Набистезад ба ҳар ошӯби бадхоҳ.
Бихон, ёро суруди шодмонӣ,
Бихон, ёро суруди дилситонӣ
Саро аз меҳри покат бори дигар,
Саро аз орзуҳои ҷавонӣ.
Бихон, монанди мурғони хушилҳон,
Ки то сайёд гардад моту ҳайрон.
Бихон то ғулғул афтад дар дили кӯҳ,
Ки то оҳуи шӯх ояд ба ҷавлон.
Суруде хон, ки ғам бигрезад аз кас,
Суруде хон, ки шодӣ монаду бас,
Ҳамеша дӯстонро аз садоят
Фараҳ ояд чу оҳанги мухаммас.
Сурудат ҳамсафар бошад ба ёрон,
Сурудат то бигардад роҳати ҷон.
Бихон аз шавқ бо шӯри ҷавонӣ
Сурудат болу пар бахшад ба инсон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё