Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар ғунча ниқоб медарад хушнудам.
Гар чашма ба рӯдмебарад, хушнудам.
Аз лонаи хештан агар чучаҳаке,
Рӯзечууқобмепарад, хушнудам.

Ман рози дилам ба гӯши гулҳо гӯям,
Таскини дилам зи тоби дилҳоҷӯям.
Чун дона миёни хоки раҳ гум шудаам
Шояд ки ба иқболи ту фардо рӯям.

Ман қатрааму зиндагиам ошӯбаст,
Домони яке рӯдмароматлуб аст.
Аз халқ канора ҷустан кӯрдилист.
Аз хеш гаҳе канора ҷустан хуб аст.

Гаҳ бар гулу гаҳ ба боғбонмехандам.
Гаҳ бар худу гаҳ ба бехудон механдам.
Ҳаркас, ки ба ҷуз хеш касеро нашинохт,
Хомӯш ба сармастии он механдам.

Дар хилвати хеш гӯи Афлотунӣ.
Аз бехабарӣ муаллими гардунӣ.
Пое ба замин гузору чашме бикушо.
Дар ҳар қадаме бинӣ зи худ афзуне.

То ғунча шукуфт,субҳидам мегузарад,
Ғавғои таккабури ту ҳам мегузарад.
Аз ёри нахуст дил набардор ба саҳл,
Ин бахти хуш аз кӯитукаммегузарад.

Аз туст кунун маро ҳама шодиву ғам.
Аз туст чӣбахтинекутолеибадам.
Дил сафҳаи нонавиштаи дафтари туст.
Бинвис, чи мехоҳӣ ба дасти ту қалам

Ҳар гул зи баҳори нав нишон аст маро,
Ҳар қатра ба руд ҳамзабон аст маро.
Ин қадр ба чашми кам мабин, эй ғофил,
Дар сина ниҳон баҳри дамон аст маро.

Дур аз ту дилам шод нашуд, шод нашуд,
Бе ту сарам аз хиҷолат озод нашуд.
Бе ту қадаме пеш ниҳам, пас мерафт,
Бе ту мадади табъи худодод нашуд.

Дар чашми рамузбин тамошост китоб,
Гар кайфияте шиносӣ, дунёст китоб,
Эй бехабар, аз бузургиҳои қатра,
Гар ғӯта задан тавонӣ, дарёст китоб.

пешина
аз 39
навбатӣ