Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй қатраи пок, роҳи худ гум накунӣ,
Бе рӯд дар ин ҷода талотум накунӣ,
Ҳастии ту як ҳалқаи ин занҷир аст,
Ҳуш дор, ки ин силсиларо гум накунӣ.

Онам, ки талотум аз вуҷудам наравад,
Аз дил шарарам ба тирадудам наравад.
Ошуфтагии сари ҷавонам боқист,
Ин сӯзи ҳаёт аз сурудам наравад.

Наврӯз расад рубоб дар даст баро,
Аз ишқ чу гул хумор нашкаст, баро.
Ман рози дилам ба гӯши гулҳо гӯям,
Гар накҳати гул шамиданат ҳаст, баро.

Тасвири ту бо қалам муяссар нашавад,
Ташбеҳи ту моҳу меҳру ахтар нашавад.
Дар нозукиву лутфу адоҳо суханам
Бо мисраи қоматат баробар нашавад.

Гардун, чу ба сӯи мардум андохт каманд,
Овард басо сари баланде дар банд.
Ҳар мард чу Рӯдакӣ ба домаш н-афтод,
Ин гург ду чашми равшани ӯро канд.

Дар хилвати рози мо наё, эй бадхӯ,
Гар омадаӣ аз дили худ кина бишӯ,
Сози ғаразу кинакашӣ барҳам зан,
Чун зоғ ту аз меваи мо кирм маҷӯ.

Эй бахт, маро ранҷ мадеҳ бо афсун,
Чун хома ба ҳар даст макун хору забун.
Ҳар он чӣ дилат хост раво дор, вале
Дар қабзаи нокасон маро зоча макун.

Чун рӯд ман аз баландиҳо паст шудам,
Чун боди сабо поку тиҳидаст шудам,
Лек иззати худ нарехтам пеши касе,
Бо шавкати сарбаландиҳо маст шудам

Дар маҳфили ҷумла пухтагон мо хомем,
Бо ростдилии хештан нокомем.
Аз чарбзабони рӯи шум овардем,
Чун оинае ба пеши зиштандомем.

Ҳар ҷо, ки ту рафтӣ дар канорат будам,
Бе ваъда сари раҳ интизорат будам,
Нохонда ба сад баҳона дар хонаи ту,
Ҳар рӯз зи бахт умедворат будам.

Аз гуфтаи худ наям парешон, эй дӯст,
Аз кардаи худ наям пушаймон, эй дӯст.
Ман хӯшаи донарез гаштам акнун,
Аз оташам ин қадар матарсон, эй дӯст.

пешина
аз 39