Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ҳарорат хокро ҳосилбувад,
Аз муҳаббатдил ба дил моил бувад.
Гуфта будӣз-обуоташнагзарӣ
Обу тобе ёфтан мушкил бувад.

Мард дар тӯфон шиновар мешавад,
Дил ба дарьё дода гавҳармешавад.
Рав, парешон гарду сомоне биҷӯй,
Қадри кас он гаҳ муқаррар мешавад.

Донаи ҳар хок пинҳонамҳанӯз,
Қатраи аз абр ғалтонамҳанӯз.
Дар руҳиҳарсабзамебинам, киҳаст
Сад баҳоредардилуҷонамҳанӯз.

МУАЛЛИМИ МАН

(Ба аввалин муаллимам Ҳамроҳи Хӯҷам)

Омад ӯ бе каси ҳидоятгар,
Омад ӯ бо асобағал ногоҳ.
Гашт ворид ба синф бо як пой,
Гармдидор, марди дилогоҳ.

Куртаи хокиранг дар бар дошт,
Мӯзаи нимдошт дар пояш.
Кордида, ҳаётсанҷида,
Ташнагӣ буд дар нигаҳҳояш.

Дар куҷо мондааст пояшро?
Аз куҷо ёфт ин асояшро?
Духтаре бо умед мепурсид,—
Ӯ дар он сӯ надид акояшро?...

Баъдҳо дар ҷабини ин одам
Ҷилвагар шуд ба мо ватан яксар —
Марду зан дар либоси сарбозӣ,
Пиру барнош ҷумла дар сангар.

Аз ватан ҳар гаҳе сухан мегуфт,
Гӯиёӯдарун-дарунмесӯхт.
Мебаромад шарора аз нафсаш,
Чашми шафқат ба рӯимомедӯхт.

Буд моро саволи бисьёре,
Дар ҷавобӯагарчидармемонд,
«Шоҳнома» зи ёд мехонд ӯ,
Гӯӣ «Қуръон» ба тоҷикӣ мехонд…

То ки бошем мисли ӯ дильёб,
Раҳ гирифтем ҷониби фардо,
Ӯ ба як чашм мардумонро дид,
Ӯ ба як пой гашт дар дуньё.

пешина
аз 39
навбатӣ