СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
ШАБИ СОЛИ НАВ
Дӯстон, дар сари ин дастурхон
Боз дар соли дигар бода хурем,
Боз бошем ҷавонбахт ҳама,
Гар бувад ғам, ғами дилдода хурем.
Духтарон ҷилвакунон рақс кунанд,
Хуррам аз ҳусни сафопарвари худ,
Ҳар санам ноз кунад, фахр кунад,
Боз бо ёри баландахтари худ.
Ҳайф бошад, ки дар ин шаб ёре
Дари дил баста нишинад хомӯш.
Дӯстон, ҳеҷ ба дил ғам нарасад
Қуфли дилҳо шиканад бонги «бинӯш».
Дилбаре гар ба ту тақдир накард,
Шод бошад ба ҳамон дилхоҳаш.
Ҳар кас аз бахт умеде дорад,
Макун, эй дӯст, забонкӯтоҳаш.
Гоҳ дилбохтагон мемонанд,
Ба кӣ тақдир кунад меравад ӯ,
Гаҳ яке кошт, дигар медаравад,
Ишқ бахтест чунин шӯъбадахӯ.
Ошиқ аст он, ки ҷавонмард бувад,
3-ӯ дилу дида нигаҳ дор, рафиқ,
Боз бекина нигаҳ кун ба рухаш,
Дил ба каф ҳамчу қадаҳ дор, рафиқ!
Бода нӯшем, ки то соли дигар
Равад аз ёди ту дилсахтии ӯ,
Бода нӯшем ба сарсабзии ту,
Бода нӯшем ба хушбахтии ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё