Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То тавонӣ, гир дар набзи адаб тӯмори мавҷ,
Рӯзу шаб мебош ҳамчун баҳр андар кори мавҷ.

Ашки ҳасратро ба дуккони надомат арза деҳ,
Муштарӣ хоҳӣ ба ҷинси хеш дар бозори мавҷ.

Яъсро роҳе набошад дар ҳарими ин ҳарам,
Кай бувад маҳрум ин ҷо як кас аз анвори мавҷ?

Киштии уммед меронӣ, қадам аз дида кун,
Нохудо ғофил набошад ҳеч аз рафтори мавҷ.

Ҳар шиноварро наёяд гавҳари қимат ба каф,
Марказе бошад насиби ҳар кас аз паргори мавҷ.

Ғӯта дар баҳри хиҷолат зан чу шабнам он қадар,
К-аз арақ зоҳир шавад бар чеҳраат осори мавҷ.

Налаву афғони худро муҳлати фардо мадеҳ,
Метавон булбул шудан имрӯз дар гулзори мавҷ.

Мар туро фарз аст ин ҷо улфати ин боғбон,
Меваи раҳмат агар хоҳӣ ту аз ашҷори мавҷ.

Чок зан ҷайби қобои сина чун ҷайби саҳар,
Раҳ тавон бурдан магар аз рахнаи девори мавҷ?!

Туғрал, ар хоҳӣ, нишин дар соҳили баҳри адаб,
То расад дар гӯши ту овози мусиқори мавҷ.

пешина
аз 312
навбатӣ