Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Меканам ҷон дар ғами ӯ, кандани ҷонам абас1,
Дар вафояш аҳд кардам, аҳду паймонам абас!
Нолаам бишниду таъсире ба гӯши ӯ накард,
Аз фироқаш гиряву фарёду афғонам абас.
Донаи ашкам нашуд сарсабз дар боғи умед,
Дар раҳаш шуд қатраҳои чашми гирёнам абас.
Нест аз ишқаш маро сармоя ҷуз сомони ғам,
Лек дар ҳиҷрони ӯ тамҳиди сомонам абас!
Чун сагон нон додамаш, то роми ман гардад рақиб,
Ҳасрато, бо ин саги девона шуд нонам абас!
Дар маризи ишқ бедармонӣ дармон мешавад,
Ҳеч дармоне ба дардам нест, дармонам абас!
Мақсадам з-ин нусха, Туғрал, он ки монад номи ман,
Гар намонад номи ман ин нақши девонам абас!
1 Абас – беҳуда, бесуд.
Гар ба ин шӯхӣ бувад ойинаи дарёи мавҷ,
Лағзиши наззора моҳӣ метавон шуд ҷои мавҷ.
Ҳалқаи найранги авҳомат хаёле беш нест,
Аз шикасти ранг занҷире бувад дар пои мавҷ.
Ҳар матое дорад аз амвоҷ қадри зътибор,
Ҳеч касро нест ин ҷо рутбаи волои мавҷ!
Синасофонро мулоимтинатӣ бошад накӯ,
Мӯҷиби равнақ бувад, равған ниҳӣ болои мавҷ.
Эй ки меронӣ ту киштӣ ҳар тараф, ғофил мабош,
Ҳаббазо, аз хомушӣ, ҳайҳот аз ғавғои мавҷ!
Роҳи роҳат зан, ки дар майхонаи баҳри вуҷуд
Бошад аз абри каромат бодаи минои мавҷ.
Туғрало, дорӣ талаб матлубро, ҳушёр бош,
Кай бувад манзури ғофил чеҳраи зебои мавҷ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё