Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Эй он, ки дорӣ як хирмани рух,
Як бӯса кофист аз маъдани рух!
Килки нахустин кардаст таҳрир
Аз хатти райҳон бар домани рух.
Ҳамчун ғазолон чашмони шӯхаш,
Сунбул тавон чид аз гулшани рух.
Гар аспи мақсад кардӣ зи фарзин,
Раҳ кай тавон бурд дар маскани рух?
Фили дамонро бар хок орад,
Дар ҷилва ояд гар тавсани1 рух.
Хоҳӣ, ки гардад ҷавҳар намоён,
Сайқал тавон зад дар оҳани рух.
Ҳар гаҳ ки хоҳӣ зулмоти зулфаш,
Раҳ метавон бурд аз равшани рух.
Ганҷури ҳикмат кардаст пинҳон
Сад ҷавҳари ҷон дар махзани рух.
Гирад ҷаҳоне бо як шабехун,
Ғофил мабошед аз рафтани рух!
Назди хаёлат имрӯз Туғрал
Шатранҷ бозад аз дидани рух.
1 Тавсан – аспи шӯх ва саркаш.
Баски афтод ба пояш сари кокул густох1,
Ҳамчу Ҳорут, ки андар чаҳи Бобул густох.
Накҳати боғ шавад ҳалқаи занҷири ҷунун,
Гар сабо шона кунад турраи сунбул густох.
Ҷазби маъшуқ кашад ҷониби худ ошиқро,
Булбули ғамзада ояд ба сари гул густох.
Эй ки дорӣ талаби давлати васлаш, ҳуш дор,
Кай бувад роҳ касеро суи Кобул густох?!
Ақд бастанд ба домоди тараб духтари раз,
Ки суроҳӣ шуда дар хутба ба қул-қул густох.
Оби ангур, ки тамкини Таҳамтан бибарад,
Кас набошад, ки бувад дар қадаҳи мул густох!
Ҳар кӣ густохи фани хеш бувад дар олам,
Лек дар сайди маонӣ шуда Туғрул густох!
1 Густох – 1. Ҷасур ва далер. 2. Беадаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё