Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
То хаёли абруяш кардам, сарам омад ба ёд,
Ёди мижгонаш намудам, ханҷарам омад ба ёд.
Кӯҳро дидам, зи тамкин пой дар доман кашид,
Ибрате мехостам, гӯши карам омад ба ёд.
То сабо машшота зад гесуи сунбулро ба боғ,
З-он шамими гесуи чун анбарам омад ба ёд.
Муштарӣ набвад ба нақди ҷинс шабҳои ғамам,
Оқибат савдои рӯзи маҳшарам омад ба ёд.
То бидидам ҳалқаҳои зулфи лайлиталъатон,
Ҳамчу Маҷнун достони чанбарам омад ба ёд.
Мешунидам аз ҳадиси лаъли ҷонбахшаш сухан,
Муъҷизоти Исии пайғамбарам омад ба ёд.
Қути шабҳои фироқам гашт ёқути лабаш,
Доштам фикри дили ӯ, мармарам омад ба ёд.
Дӯш мекардам тамошои найистони адаб,
Нолро1 дар нола дидам, пайкарам омад ба ёд.
Ваҳ, чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, Бедили баҳри сухан:
«Алвидоъ, эй ҳамнишинон, дилбарам омад ба ёд!
1 Нол – най.
Агар шамъи далели улфати мо раҳнамо гардад,
Пари парвонаро хосийяти боли ҳумо гардад.
Гар ин бошад сулуки сархати меҳроби абрӯяш,
Қади моҳи нав аз баҳри суҷуди ӯ дуто гардад.
Ба ғайр аз нола кай бошад варои ноқаи ҳушам,
Шикасти ранги ман гар маҳмили роҳи садо гардад!
Агарчи рафт чун ранги ҳино домонаш аз дастам,
Бад-ин шодам, ки пояшро сиришки ман ҳино гардад.
Ду олам дастбӯси фарши таслими хиромаш кун,
Агар девонаи моро ҷунун занҷири по гардад.
Ба ёди гардиши чашмаш дили пуризтироби ман
Мисоли донае бошад, ба коми осиё гардад.
Агар ин аст бо бегонаву дур ошноиҳо,
Ҳаметарсам, ки бо ман оқибат ноошно гардад.
Ба Маҷнун ҳамсабақ будем дар одоби маҷнунӣ,
Ба ойини муҳаббат кас ҳарифи мо чаро гардад?!
Муҳаббат гар ҳавас дорӣ, зи сурхӣ майли зардӣ кун,
Ки гар дар мис расад иксир, бешак, кимиё гардад.
Хаданги фикри кас ҳаргиз наёяд бар нишони мо,
Пари тири камони ӯ агар боли расо гардад.
Хушо, Туғрал, аз ин як мисраи баҳри сухан Бедил:
«Агар савдои cap дорад, бигӯ, бар гирди мо гардад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё