Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бути номеҳрубонам кай зи ҳоли ман хабар дорад,
Зи меҳраш нагзарам як зарра, гар аз ман гузар дорад.

Равам ҳар дам ба ёди оташи рухсорааш аз худ,
Шикасти ранги ман оҳанги парвози шарар дорад,

Хушам чун шона аз мазмуни фикри томи гесӯяш,
Ки домони хаёлам рутбаи ҷайби саҳар дорад.

Ба роҳи интизораш баста маҳмил ноқаи ҳушам,
Париданҳои рангам сози оҳанги сафар дорад.

Ба базми васли ӯ шуд ҷавҳари дил арзи хомӯшӣ,
Ба ҷуз ҳайрат дигар ойинаи мо кай ҳунар дорад?!

Ба як ними нигаҳ аз наргиси шӯхаш машав эмин,
Ки қонуни тилисмаш сози найранги дигар дорад!

Бибин оҳанги болафшонии сайди муҳаббатро,
Ки аз завқи тапидан бисмили ӯ болу пар дорад.

Ба кӯҳ аз талхии ҳиҷрон чӣ ғам Фарҳоди маҳзунро?
Садои тешааш чун най зи ширинӣ шакар дорад.

Парешонӣ насозад кам сари мӯ хотири ҷамъаш,
Агар Маҷнун хаёли зулфи Лайлӣ бештар дорад.

Зи меҳри орази зулфаш маро ин шубҳа равшан шуд,
Ки гар сад шоми навмедист, уммеди саҳар дорад.

Хушо аз мисраи султони авранги сухан, Туғрал:
«Ту акнун нола кун, Бедил, ки оҳанги асар дорад».

пешина
аз 312
навбатӣ