Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Агар ойина бар рӯи ту арзи муддао дорад,
Зи дасти суратат занҷири ҳайронӣ ба по дорад.
Асои қомати пирист ёди сарви озодат,
Чу ман ҳар кас ба ёди абруят қадди дуто дорад.
Раҳи ишқ аст, аз дил даст мебояд туро шустан,
Ки ёди сӯзани мижгони ӯ хоре ба по дорад.
Набошад лангаре ғайр аз таваккул киштии ӯро,
Ки дар мавҷи талотум ҷуз Худо кай нохудо дорад?
Тасаллӣ бахш аз зулфаш мусалсал хотири худро,
Ки охир даври гардун аз ҳаводис корҳо дорад!
Агарчи шеваи хӯи вай омад мардумозорӣ,
Ба мардум чашми ӯ хосийяти мардумгиё дорад.
Надорад хотирам майли дурустӣ як сари мӯе,
Ки чун зулфаш дили мо аз шикастан мумиё дорад.
Агар зоҳид чу ман шабҳо ба ҳиҷронат ба рӯз орад,
Ба таҳқиқаш намо равшан, ки тақлиди зиё дорад.
Ҳазорон офарин, Туғрал, ба ин як мисраи Бедил:
«Иҷобат инфиъол1 аз шӯхии дасти дуо дорад!»
1 Инфиъол – мутаассиру шармзада шудан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё