Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳар киро чашми ту саҳбо1 мекашад,
Даст аз дунёву уқбо мекашад.
Аз ғамат ҳар кас, ки афтад бар замин,
Мадди оҳаш бар Сурайё мекашад.
Баҳри даъво оразат хуршедро
Дам ба дам пеши Масеҳо мекашад.
Котиби қудрат2 зи зулфат якқалам
Нусхаҳои хатти туғро мекашад.
Маҳвиҳайратгаштаи махмурият
Нашъае аз мавҷи саҳбо мекашад.
Ҳар кӣ ёди турраи ӯ мекунад,
Риштае з-андеша бар по мекашад.
Шавқ бошад маснади иқболи мо,
Шуъла аз пастӣ ба боло мекашад.
Нест кам аз дурри дарёи Адан,
Гавҳаре аз дил, ки доно мекашад.
Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил гуфтааст:
«Хонаи ҳайрат тамошо мекашад».
1 Саҳбо – шароб.
2 Котиби қудрат – Худойи мутаъол.
Аз табассум лаъли ӯ то нашъа аз мул мекашад,
Чеҳраи мино арақ аз шарми қул-қул мекашад.
Аз ҳаданги нози чашми шӯхи ӯ эмин мабош,
Ништари мижгони ӯ хун аз раги гул мекашад.
Умрҳо баҳри висол андар биёбони ғамаш
Корвони шавқи ман бори таваккул мекашад.
Аз фиреби донаи холи сиёҳаш кун ҳазар,
Мурғи дилро доми зулфаш бетаҳаммул мекашад.
Сози савту нағмае дорам, ки ҳар ҷо мутрибест,
Тори қонунам зи мадди оҳи булбул мекашад.
Нусхаи ошуфтаи ҷузви парешони ғамам,
Монию Беҳзод тасвирам зи сунбул мекашад.
Дар димоғи хушк бахти тираи вожуни ман
Равғани бодомро аз набзи кокул мекашад.
Наргиси сеҳрофаринаш баҳри таълими фусун
Беибо Ҳорутро аз чоҳи Бобул мекашад.
Нохуни бурҳони Туғрал чун ба даври зулфи ӯ
Хори татбиқ аз кафи пои тасалсул мекашад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё