Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
То каманди зулфи ӯ сад дил ба як мӯ мекашад,
Бори миннат мурғи дил аз холи ҳинду мекашад.
Мардуми чашми маро аз шаш ҷиҳат тасхир кард,
Баҳри қатли ошиқон ҳам теғи абрӯ мекашад.
Хоки пои тавсанашро тӯтиё кардам ба чашм,
Сурма акнун дидаам аз хоки он кӯ мекашад.
Ҳосили ишқам маро шуд ранги зарде ҳамчу коҳ,
Каҳрабои ҷазби меҳраш дил зи ҳар сӯ мекашад.
Накҳати рӯи гулаш тасвирро бахшад ҳаёт,
Дар машомаш аз насими ӯ расад, бӯ мекашад.
Аз майи шавқаш ба зоҳид дод соқӣ ҷуръае,
Аз камоли бехудӣ дар хонақаҳ ҳу мекашад.
Акси чашми масти ӯ, Туғрал, ба ҳангоми рақам Монию Беҳзод бо мижгони оҳу мекашад.
Китоби оразашро то саводи хат намоён шуд,
Зи мазмуни бароташ мӯр меҳмони Сулаймон шуд.
Нигоҳи ҳайратангезаш бисот орост шӯхиро,
Рами чашми ғизолон аз хаданги нози мижгон шуд.
Тамошои баҳористони рухсораш чӣ сон созам,
Ки аз акси ҷамоли ӯ ҳазор ойина ҳайрон шуд?!
Сухан мерафт дар гулшан ҳамоно дӯш аз зулфаш,
Вагарна аз чӣ ин дам хотири сунбул парешон шуд?
Биё, эй бонии қасри дили ушшоқ, к-аз ҳаҷрат
Зи селоби сиришки ман бинои Каъба вайрон шуд!
Вафо, эй бевафо, ҳаргиз намесозӣ ба аҳди худ,
Фаромӯшат зи хотир гӯиё он аҳду паймон шуд?!
Зи гесуи ту то зуннор баста бар миён Туғрал,
Буто, раҳме ба ҳоли ӯ, ки дур аз нақди имон шуд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё