Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҳ, аз даври фалак, як лаҳза бар комам нашуд,
Қуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд!

Дар ҳавои васли матлаб кардам аз ором рам,
Ҳеч амре мӯҷиби таскини оромам нашуд.

Сӯхтам дар оташи ҳасрат чу ҳинду борҳо,
Холи ҳиндуи бутон аз бахти бад ромам нашуд.

Гарчи нӯшидам басе паймонаҳои заҳри ғам,
Аз майи ишрат вале як ҷуръа дар ҷомам нашуд.

То ниҳодам дар паси сайди талаб доми умед,
Мурғи ин ваҳшатсаро дар ҳалқаи домам нашуд.

Хонабардӯши хаёлаш мунтазир шаб то саҳар,
Як тулӯи кавкаби бахт аз лаби бомам нашуд.

Туғралам дар дом шуд з-он ҳар ду бодоми тараш,
Як илоҷи хушкии савдо зи бодомам нашуд.

Моҳи симандоми ман ҳарчанд олиҷоҳ шуд,
Пайкарам симоб, корам оҳ, рангам коҳ шуд.

Ҳусни ӯ аз ишқи ман болид, cap боло кашид,
Дастам аз шохи висолаш сарбасар кӯтоҳ шуд.

Ёди он рухсори гулгун мебарад ҳолат зи ман,
Ҳар куҷо тарфи гулистонам нишемангоҳ шуд.

Аз камоли шиддати дарду аламҳои фироқ
Менадонам субҳдам, ё чошт, ё бегоҳ шуд?!

Лабшакар, дандонгуҳар, ширинтакаллум дилбарон
Дидаам, аммо на як ҳамчун туам дилхоҳ шуд!

Домани васлаш чӣ имкон аст, чун ояд ба каф,
Ман ҷалиси1 аҳли фақрам, ӯ аниси шоҳ шуд.

Ёди чашми ниммасташ мерабояд ҳуши ман,
Ҳар сияҳчашме, ки манзурам гаҳу ногоҳ шуд.

На димоғи шиква аз маъшуқ дорам, на зи ғайр,
Баски дар рӯзи аластам ин бало ҳамроҳ шуд.

Хостам манзумае иншо кунам аз баҳри дӯст,
Дил пайи номи дилоромаш мувашшаҳхоҳ шуд.

Аз сари ҳар байти ман ҳарфе ба ҳам оварданист,
Ҳар кӣ донист ин амал, аз исми ӯ огоҳ шуд.

Нестам аз носипосони тариқи ошиқӣ,
Номи ӯ туғрои2 абётам, биҳамдиллоҳ шуд!

1 Ҷалис – нишаста, унс гирифта.
2 Туғро – сармашқи нома.

пешина
аз 312
навбатӣ