Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- мебошад. Ва дар ин маврид бояд изҳор дошт, ки Туғрал аз авони таҳсили Мадрасаи Тиллокорӣ ба Шоҳин ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ӯро пиру устоди маънавии худ шинохта будааст. Ҳамчунин, дар айёми таҳсили Самарқанд бо ашъори Шоҳин, ки дар миёни шуарои аҳд эътироф гардида буд, ва, махсусан, бо «Лайлию Маҷнун»-аш ошноии комиле пайдо карда, дар ҷавоби он ба таълифи «Лайлию Маҷнун»-и худ пардохтааст. Бар илова, Туғрал борҳо дар ҳошияи дафтару сарлавҳаву матни ашъораш аз ҳаққи устодӣ доштани Шоҳин бар худ сипосгузоронаву эхтиромдорона ёдоварӣ кардааст.
Чунончи, дар мусаддасаш бар фарди Гулшанӣ, дар зери калимаи «Шоҳин»-и мисраъи «То шудам дур зи Шоҳини маъонӣ, Туғрал» ӯ «номи устодам» навиштааст, то муроди эҷодии худро равшантар бисозад. Ва ё дар охири ғазали «Хиҷолатмояам, вазъи парешонист бунёдам» (дар мусаввада) ба мисраъи дувуми байти мақтаъ чунин тавзеҳ афзудааст: «Яъне, Шоҳин устоди ман буд». Ва ё дар мусаввада зери сарлавҳаи «Аз устоди худ Шоҳин» чанд ғазал оварда, чандин дафъаи дигар ҳам Шоҳинро боифтихор мавло ва устоди худ номида, ниҳоят, дар маснавии «Лайлию Маҷнун»-и нотамомаш, ки дар татаббуъи достони ҳамноми Шоҳин офарида шудааст, боби алоҳидаеро ба ситоиши хираду маҳораташ тахсис дода, минҷумла, нигоштааст:
Он к-ӯ ба камол шамси дин аст,
Бо хотами илм ӯ нигин аст!
Наштарзани дар раги маъонӣ,
Ғаввоси ями гуҳарфишонӣ,
Ганҷури дури ҳадиси рангин,
Дар авҷи ғазалсаройӣ шоҳин;
Тасхирнамойи ҳисни дониш,
Аврангқабойи мулки биниш;
Дар ганҷи яқин дури ягона, Бо зулфи узори шеър шона...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё