Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аз табассум лаъли ӯ чун ғунча хандон асту бас,
Бар ҷароҳатҳои қалбам як намакдон асту бас.
Гар набошад муддао арзи ниёзи хештан,
Аз арақ бар рӯи соҳил мавҷи тӯфон асту бас.
Тӯҳфаи дигар надорам дархури арзи адаб,
Пешкаш дар пеши теғаш ҷавҳари ҷон асту бас.
Сад китоби ҳикмати дарси ҷунунро хондаем,
Як ҷаҳон девон, вале як байти вайрон асту бас.
Нусхаҳои ҷавҳари теғаш намедонам, вале
Он қадар донам, ки ӯ як мадди эҳсон асту бас.
Гарчи мерезад ба хоки ҳар даре сад оби рӯ,
Муддаои сойил аз ибром як нон асту бас.
Зулмати зулфаш, ки, ё Раб, хатти Искандар мабод,
Дар хаёлободи ҳастӣ як шабистон асту бас.
Дам ба дам мавҷи ҳаё гул мекунад аз рӯи ӯ,
К-аз арақ бар оразаш ҷӯши гулистон асту бас.
Туғрал, аз зеру бами ишқаш маро маълум шуд,
Бар дилам аз нолаҳояш як найистон асту бас!
Бар рухаш ойинаро як чашми ҳайрон асту бас,
Ҷавҳари дилро ғараз найранги имкон асту бас.
Ҳар матоъе дорад ин ҷо ҷилваи арзи зуҳур,
Интихоби нусхаи ҳастӣ на ин сон асту бас.
Кай шавад бе лутфи ӯ ҷамъийяти деву парӣ?
Хосият танҳо на дар дасти Сулаймон асту бас!
Аз ҳадиси лаъли ӯ ин нукта равшан шуд маро,
Лаъл кай махсус дар кӯҳи Бадахшон асту бас?!
Кӯҳкан гар ҷони ширин кард сарфи Бесутун,
Ҳосилаш аз ин таманно кандани ҷон асту бас.
Он чи аз боғи умеди васли ӯ чидам самар,
Бар дилам з-абрӯи ӯ як даста пайкон асту бас.
Туғрал, аз дарси камоли хеш дорам хиҷлате,
К-аз арақ бар ҷабҳаам ҷӯши чароғон асту бас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё