Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
бош!»
Гар наӣ сандал1, бирав, дарди сари хаммор бош,
Муҳра натвонӣ шудан, боре ту заҳри мор бош!
Ё бами сози хирад, ё пардаи зери ҷунун,
Ё зи мастӣ бехабар, ё аз адаб ҳушёр бош!
Қадри ҳар ҷинсест андар чорсӯи эътибор,
Ё матои косиде, ё гармии бозор бош!
Барзанад ҳар ҷо муҳаббат фарши шодурвони ғам,
Гар таноби хайма натвонӣ шудан, мисмор бош!
Соясон такрори дарси тирабахтӣ то ба кай?!
Маънии равшан шаву чун офтоб изҳор бош!
Нест дарди дигаре ҳаргиз маризи ишқро,
Офият дорӣ талаб, чун чашми ӯ бемор бош.
Пардаи сози адам кам нест аз базми вуҷуд,
Хирмани ҳастӣ ба оташ сӯзу мусиқор бош!
Гар зи худ рафтӣ, ҳисоби ҳастият гардад фузун,
Сифросо як адад аз кам шудан бисёр бош!
Аз хаёли нашъаҳои ҷоми ҷамшедӣ гузар,
Нест софӣ дар дилат, ойинаро зангор бош!
Ҷуз нишони фатҳ набвад бар ливои парчамат,
Рояти Мансур мехоҳӣ, аламбардор бош!
Чанд бо оҳанги қонуни муҳаббат зистан?!
Ё паси ин парда шав, ё нағмаи ин тор бош!
Нестӣ гар маркази таълими ин даври фалак,
Чун камон хамёзаи оғӯши ин паргор бош!
Равшан аст мазмуни Бедил, Туғрал, аз сад офтоб:
«Зарра ҳам кам нест, то бошӣ, ҳамин миқдор бош!
1 Сандал – дарахте, ки чӯби он бисёр хушбӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё