Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Чанд рӯзе бар бинои тоқи ғам меъмор бош,
Ёвари уммед шав, ё сурати девор бош.
Ё самуми ҳаҷр шав, ё накҳати базми висол,
Ё хазони бемаҳал, ё равнақи гулзор бош!
То тавонӣ, саъй кун, аз ин чаман берун марав,
Гулшуданҳоят агар мумкин набошад, хор бош!
Нест дар кеши муҳаббат имтиёзи куфру дин,
Риштаи тасбеҳ натвонӣ шудан, зуннор бош!
Орзуи оташи ғам боядат парвонасон,
Ҳамчу шамъи базми ишрат то саҳар бедор бош.
Пеш аз он афтад туро, эй гул, ба ҷамъийят халал,
Ё гулоби шиша шав, ё зинати дастор бош!
Пеша кун аз базми имкон ихтиёри муштарӣ,
Ёрро ҳамдам наӣ, боре ту бо ағёр бош.
То кай аз инкори теғи ӯ ба ноҳақ зистан?
Ё қабули ин шаҳодат кун ва ё иқрор бош.
Баски бошад ишқбозӣ сарнавишти обрӯ,
Нест номусат агар, бигзар зи фахру ор бош!
Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё