Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар бар қосиди наззора бахшад рухсати бораш,
Бисоти хирмани ҳастӣ бисӯзад барқи дидораш.

Маро шуд сояи шамшод аз боли ҳумо беҳтар,
Ки бошад бахти ман вобастаи зулфи нигунсораш.

Шаби ҳаҷраш надорад субҳ аз сомони истиғно,
Халосӣ нест ҷуз мурдан, ҳамин бошад агар кораш!

Агар саъйи талаб з-ин ҳалқа бошад дастбанди ӯ,
Набошад маркази таслим ғайр аз гардани ёраш.

Маризи интизорашро саломат гар ҳавас бошад,
Бувад доруи дарди ишқ набзи чашми бемораш.

Баму зери муҳаббат пардае дорад, ки меояд
Навои нағмаи «Ушшоқ» аз оҳанги ҳар тораш.

Ба ҳаққи ишқ ҳар кас дар муҳаббат гар зафар хоҳад,
Намебошад ба ғайр аз рояти Мансур бар дораш.

Дилам аз ганҷи рухсораш тамошо орзу дорад,
Вале метарсам аз ёди хаёли зулфи чун мораш.

Намебинӣ ба ҷуз ойина аз бому дараш дигар,
Агар ҳайрат ҳавас дорӣ, нигаҳ кун нақши девораш!

Бинои хонаи ҳастӣ асоси нестӣ дорад,
Ҳамин осори вайронӣ бувад аз тарҳи меъмораш.

Дар ин гулшан чӣ дил бандӣ, ки Бедил гуфтааст, Туғрал,
«Баҳорат булбуле дорад, ки шакли «ло»-ст минқораш».

пешина
аз 312
навбатӣ