Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳар киро гар дилбараш бошад, набошад дил бараш,
Дил бараш бошад фидо, он ҷо ки бошад дилбараш.
Моҳи ман ҳар сӯ нишинад, офтоб он ҷо бувад,
Чатри хуршед аст гӯё соябоне бар сараш,
Он ки нӯшад дурд, нӯшашро наменӯшад дигар,
Гар бувад оби зулол аз ҷӯйбори Кавсараш.
Беҳ нагардад фоли иқболи вай аз бурҷи шараф,
Ҳар киро рӯзи азал махсус бошад ахтараш.
Хонақоҳи ишқро, к-аш бошад ӯ рашки ҳарам,
Кай хатибе чун суроҳӣ бошад андар минбараш?!
Пеш аз ин бебок ҷонам буд теғашро араз,
Лек метарсам кунун, хун бошад андар ҷавҳараш.
Тарсамаш, озурда гардад аз камоли нозукӣ,
Гар бувад аз барги гул фарши қумоши бистараш.
Аз пайи таҳрири авроқи хами абрӯи ӯ
Риштаи қавси қузаҳро1 соз тори мистараш!
Гар равӣ чун шона андар ҷаъди зулфаш мӯбамӯ,
Ҷуз дили Туғрал намеёбӣ дигар дар чанбараш!
1 Қавси қузаҳ – рангинкамон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё