Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дар шаҳру деҳоти Масчоҳу Фалғару Панҷакату Самарқанд гашта, мардумро ба тарафдориву ҳамкории ҳукумати ҷадид даъват мекунад. Аз ҷумла, борҳо дар Самарқанд маҳфил ороста, дар ҳузури мунавварфикрони он давра Иброҳим Саййидкамолзода, Шамсиддин Иброҳимзода, Баҳриддин Ҷалолхоҷаев, Қорӣ Адҳам, Қорӣ Бурҳон, Турсунбой Зокиров, Нуруллоҳ Файзуллоев, Абдулҳамид Пӯлодӣ ва бисёри дигарон аз хусуси бартарии сохти нави иҷтимоӣ суҳбатҳо карда, ба торумори душманони синфӣ ва дарки ҳарчӣ зудтари сохти шӯройӣ бармехонадашон, ки ҳамаи онҳо минбаъд дар роҳи барқарорсозии Ҳукумати Шӯравӣ дар Самарқанду атрофу акнофи он ва саросари водии Зарафшон хидматҳои бебаҳое кардаанд. Зиёда аз ин, дар он айём шоири равшанзамир бо зиёиёни русу тотору ӯзбак, ходимони давлати шӯройӣ ва кормандони идораҳои ҳукумати нави инқилобӣ равобиту ҳамкориро мустаҳкам намуда, дар роҳи таҷдиди иҷтимоӣ ҳамфикрию ҳаммаромии шахси хешро бармало ба зуҳур мерасонад. Барои мисол, ӯ дӯсти наздики корманди идораи нотариалии шӯравӣ, тарҷумони забонҳои русию тоҷикӣ Мирзо Муҳйиддин буда, нусхаеро аз девони худ бо соядасте барои ӯ бахшидааст: «Ин армуғон аз тарафи Мирзо Муҳаммадхон Нақиби Туғрал аст ба сӯйи бародари арҷманди ҷалилулиэътибори шафқатойин Мирзо Муҳйиддин валади рошиди Ҳусайн».
Бояд афзуд, ки Муҳйиддин Ҳусейнов аз намояндаи тоторони маҳаллӣ ва фарзанду тарбиятдидаи хонадони пешқадами замон (бародараш муаллими забони русӣ) буда, дар такомули ҷаҳонбинии фикрию инқилобӣ ва роҳи дурусти ҳаёти навинро баргузидани Туғрал нақши муҳим бозидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё