Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Туғрал дар миёни муаллимону талабагони мактабҳои навташкили шӯройи низ суҳбатҳо карда, дилашонро ба сохти наву ояндаи дурахшони зиндагӣ гарм месохтааст.
Аз ҷумла, соли 1919, аввалин бор дар деҳаи Похути ноҳияи Фалғар мактаби нав ташкил мешавад ва Туғрал ба муносибати соли нав – Иди Наврӯз ба он мактаб рафта, дар табрики мактабиён таронаҳои наврӯзӣ хондааст, ки рубоии зерин аз он ҷумла мебошад:

Баҳ-баҳ, ки рабеъу Иди Наврӯз омад,
Наврӯз шуду ба халқ нав рӯз омад!
Тифлони дабистон ҳама гаштанд озод,
Озодии Наврӯз зи наврӯз омад!

Шоир на танҳо субҳи ҳаёти навинро аз самими қалб истиқболу тараннум карда, ба эҷодиёташ ғояҳои нави инқилобӣ ва мазмунҳои тозаи замонавиро ворид меоварад, балки ҳастии худро дар роҳи ҳимояти дастовардаҳои инқилобу барқарории Ҳукумати Шӯроӣ гаравгон мениҳад.
Барҳақ, Туғрал аз рӯзҳои нахустини ғалабаи сохту сиёсати нав дар водии Зарафшон расман ба хидмати давлати советӣ ворид шудааст, ки дар ин бора ходими вақти ЧК Силченко Николай Алексеевич баъди сари Туғрал дар санаде маълумоти муҳимме сабт намуда, зимнан «Нақибхон... 3 сол қабл аз маргаш ба таълифи китобе дар бораи ҳаракати инқилобӣ ва босмачигарӣ шурӯъ карда буд» навиштааст. Ва, албатта, беҳуда нест, ки ӯро ҳамроҳи корманди милисаи навтаъсиси, шӯравӣ Ёр Авазов ба ҳайси ходими сиёсии Ҳукумати Шӯроӣ барои пахши балвои зидди ҳукумати ҷавони шӯравӣ барпокардаи рӯҳониён ва кулакону амалдорон, ки соли 1918 дар деҳаи Обурдани Масчоҳ хурӯҷ карда буд, мефиристанд ва Туғралу ҳамсилоҳонаш он ошӯбро хомӯшу балвогаронро таслим кунонда, дар насиҳати босмачиёни тахту ҷоҳпараст ва дар таҳсини инсони муборизи зидди «исобат» (мусибатзадагӣ; киноя аз

пешина
аз 312
навбатӣ