Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Надонам гармии хуне, ки дорад ранги таъсираш,
Ки ҷавҳар гул кунад ойинасон аз оби шамшераш.
Агар ҳушам кунад дар зулмати зулфаш шабехунро,
Асас гар моҳ бошад, манъ натвон кард шабгираш!
Камони абруи ӯ ҳар куҷо гар новак андозад,
Расо гардад пари мурғи муҳаббат аз пари тираш.
Аз он ҳар дам кашад теғ аз ниёми хеш бар қатлам,
Ки набвад ҷавҳаре ҷуз хуни ман дигар ба шамшераш.
Равон лаззат барад аз Мусҳафи рӯяш назар кардан,
Ки аз рӯҳулбаёни рӯҳ бошад шарҳу тафсираш.
Навои пардаи ғам баски мизроби дигар дорад,
Намебошад ба ҷуз «Ушшоқ» оҳанги баму зераш.
Арақ гул мекунад субҳи умед аз шоми навмедӣ,
Бувад аз муҳри шабнам гармии бозори таъсираш.
Ба як дам умр аз қайди тааллуқ нест озодӣ,
Ҳубоб ойинае дорад, ки бошад мавҷ занҷираш.
Ба субҳи инфиъол аз шарми ҷуръат дам занад ишқам, Хиҷолат шабнаме дорад, ки бемеҳрист тасвираш.
Бинои тоқатамро сӯхт, Туғрал, мисраи Бедил,
«Ки тоқи умр чун бишкаст, мумкин нест таъмираш».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё